- хат
- I[خط]1. фосилаи байни ду нуқта, он чи (кашиши қалам ё дигар) байни ду нуқтаро бо ҳам мепайвандад; хати рост хате, ки кӯтоҳтарин фосилаи байни ду нуқтаро бо ҳам мепайвандад; хати устуво доираи тасаввурӣ, ки кураи заминро ба ду нимкура (шимолӣ ва ҷанубӣ) ҷудо мекунад, экватор; хат кашидан а) ҷадвал кашидан, хатдор кардан; б) ботил кардан, нест кардан, хат задан, аз эътибор соқит шумурдан2. маҷ. тарз, роҳ, равиши пешгирифташуда дар коре; хати сайр сайрхат; хати ҳаракат тарзи амалII[خط]1. он чи навишта шудааст, навишта2. маҷмӯи аломатҳое, ки дар як забон вақти навиштан ба кор меравад (ҳарфҳо ва аломатҳои дигар): хати русӣ, хати арабӣ; хати арабиасоси тоҷикӣ хати дар асоси алифбои арабӣ таҳияшудаи тоҷикӣ (форсӣ); хати лотинии тоҷикӣ хати дар асоси алифбои лотинӣ таҳияшудаи тоҷикӣ, ки аз соли 1930 то соли 1940 ҷорӣ буд; хати русиасоси тоҷикӣ хати дар асоси алифбои кириллӣ таҳияшудаи тоҷикӣ3. тарзи навишт: хати хуб, хати хоно; хату савод хондан ва навиштан; хату савод доштан хондан ва навиштан тавонистан; ҳусни хат зебоии тарзи навишт, санъати зебонависӣ, хушнависӣ4. мактуб, нома; хати сиёҳ хате, ки вақти ҷанг дар бораи кушта шудани касе ба наздиконаш фиристода мешуд; хат гирифтан нома гирифтан, омадани мактуб аз ҷое ба касе; хат задан хат кашида ботил кардани он чи навишта шудааст, аз эътибор соқит кардан; хат кардан нома навиштан, нома фиристодан, мактуб навиштан; хату мӯҳр карда додан дар барои масъалае ба касе хати (ҳуҷҷати) расмӣ додан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.